Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA» муаррифӣ мегардад

Июнь 24, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имконият ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии  «Tourism EXPO  JAPAN-2022» ва  «JATA», ки моҳҳои сентябр ва ноябри соли равон дар шаҳри Токио баргузор мегардад, муаррифӣ шавад. Ин ва масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ва намояндаи Дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ JICA дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор намуданд Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон нақши муҳим дорад.

Ҳумчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ муҳокима шуд.

Сафири Ҷопон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад