Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA» муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имконият ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA», ки моҳҳои сентябр ва ноябри соли равон дар шаҳри Токио баргузор мегардад, муаррифӣ шавад. Ин ва масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ва намояндаи Дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ JICA дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор намуданд Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон нақши муҳим дорад.
Ҳумчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ муҳокима шуд.
Сафири Ҷопон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид






