Имрӯз дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июн дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск (Беларус) ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мегардад. Дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок мекунад (ДАР АКС). Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Қарор аст, дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат кунад.
Дар ҷаласа ба аъзои Шӯрои намояндагони доимии низоми «Бонки маълумоти Хазинаи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» пешниҳод карда мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин пешниҳодҳоро оид ба лоиҳаҳои рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 13 ва 14 октябр дар шаҳри Нур-Султон (Қазоқистон) баргузор мешаванд, баррасӣ хоҳанд кард.
АКС: «БелТА








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






