Имрӯз дар шаҳри Нур-Султон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ доир гардид

Июнь 30, 2022 15:24

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре манбаъ иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин таҳким ва рушди ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ, таҳлилу  баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххаснамои хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеие, ки ба амнияти минтақа осебпазиранд, коркарди василаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувор, ташаккули системаи муштараки ҳифзи субот ва амният  мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласаи корӣ роҳбарони марказҳои зеҳнӣ тавсия ва пешниҳодҳоро барои рӯзномаи нишасти машваратии Сарварони Осиёи Марказӣ, ки қарор аст нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, омода намуданд.

Дар нишасти роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Х. Усмонзода дар суханронии худ вазъи минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи илмӣ огоҳона таҳлил намуда, тавсияҳои судманд ва пешниҳодҳои арзишмандро барои рушди минбаъдаи Осиёи Марказӣ ва пешгирии хатару таҳдидҳо ва пойдории суботи фарогир баён намуд.

Ҷаласаи кории  роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2022 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд