Имсол вилояти Суғд дар майдони беш аз 30 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони 30 ҳазору 100 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 24 июн зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ аз ҶСК ба номи «Абдураҳим Ҷумъаев»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 5212 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда, ба масъалаи истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Кишоварзон дар ҶСК ба номи «Абдураҳим Ҷумъаев» 140 гектар гандум навъи «Старшина» кишт карда, беш аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Ҳамакнун дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст.
Заминҳои ҶСК ба номи «Абдураҳим Ҷумъаев» 2736 га буда, дар 1750 гектари он пахта кишт гардидааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон тавсия дод, ки кишти такрорӣ бо маслиҳати мутахассисони соҳа гузаронида шуда, интихоби зироати киштшаванда бо назардошти иқлим ва обу хок сурат гирад. Зеро интихоби дурусти зироат имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масоҳати заминҳои корами обӣ 20 ҳазору 220 гектар, заминҳои корами лалмӣ 295 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 8450 гектар, заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон 975, заминҳои ҷангалу бешазор 2019 гектар мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






