Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июни соли 2022 соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муноқишаи мусаллаҳона бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушоданд. Пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон вазъият мураккаб гардид.
Дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд. Сарҳадбонони Қирғизистон изҳор доштанд, ки дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил нестанд, истифода мешаванд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон доиршуда соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Гузашта аз ин соати 14:15 ба мақсади муайян намудани ҳолати муноқишаи мусаллаҳона ҷониби Тоҷикистон интиқоли намояндагони Қирғизистонро ба маҳалли ҳодиса воқеъ дар ҳудуди Тоҷикистон, ташкил намуд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон такрор ёфтани таҷрибаи аз ҷониби Қирғизистон сарфи назар кардани мувофиқаҳои калидӣ, пеш аз ҳама оид ба манъи истифодаи яроқи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро, дубора зикр менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид мекунад, ки аз тарафи Қирғизистон истифода гардидани ниҳодҳои мақомоти қудратии ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил набуда, чораи ғайриқобили қабул ва боиси мураккаб гардидани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Илова бар ин, ҳолати мазкур хилофи мувофиқаҳои байни мақомоти сарҳадии ҷонибҳо, ки 12 март ва 13 апрели соли 2022 ҳосил шудаанд, дониста мешавад.
Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳалли мусолиҳатомези масоили бо Ҷумҳурии Қирғизистон бавуҷудома таъкид менамояд.
Акс: ВКХ ҶТ








Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид






