Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд

Июнь 29, 2022 10:14

КЎЛОБ, 29.06.2022  /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб кооперативҳои тиҷоратӣ, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ корҳои саҳроиро вусъат бахшида, бо тавсияи мутахассисони соҳа корҳои агротехникиро дар заминҳои кишт сари вақт мегузаронанд. Айни замон аксари деҳқонон ҳосили ғалладонагиҳоро  ҷамъоварӣ карда,  бо истифода аз шароити мусоид кишти такрорї гузаронида истодаанд. Дар ҷамоати деҳоти мазкур кооперативи тиҷоратии «Хатлон» яке аз хоҷагиҳои калонтарин ба шумор меравад. Аъзоёни кооперативи мазкур дар кишту парвариши пахта таҷрибаи хуб доранд ва ҳамасола майдони кишти ин намуди зироатро бо истифода аз навъҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишту парвариш менамоянд.

Тавре раиси кооперативи тиҷоратии «Хатлон» Суҳроб Наимов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар  кооперативи тиҷоратӣ ҳар як гектар замин самаранок истифода бурда шуда, дар натиҷаи заҳмати деҳқонон ҳамасола аз  он  ду се ҳосил ба даст оварда мешавад, ки бозори истеъмолиро бо ҳар гуна сабзавот ва зироатҳои полезӣ фаровон месозад.

«Як қисми хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба парвариши чорво машғул мебошанд,  дар ин мавсим мекўшанд ҳар чи бештар хӯроки дурушти чорво захира намоянд. Дар захираи хӯроки чорво аз алафҳои табиӣ ва коҳи ғалладонагӣ истифода менамоянд ва баъди ҷамъоварии коҳу беда дар заминҳои корами обӣ кишти такрории зироатҳои хоҷагии қишлоқ мегузаронанд. Айни ҳол барои кишти такрорӣ мушкили пеш наомадааст, чунки техника ва мошинолотҳои зарурӣ дар заминҳо мерасанд ва ба кор шуруъ намудаанд», — афзуд Суҳроб Наимов.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст