Корҳои кашидани хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳияи Балҷувон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои татбиқи лоиҳаи кашидани хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳияи Балҷувон, ки дарозии умумии он 4 километр мебошад, оғоз гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Фармоишгари иншооти мазкур роҳбари Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, намояндаи Ҳукумати мамлакат – раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ва пудратчӣ ҶДММ «Сафо-1» буда, хатти оби нӯшокӣ бо қубури полиэтилении диаметраш 140 кашида шуда, ба обанбори ғунҷоишаш 480 метри куббӣ оварда мешавад.
Баъди татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур аҳолии маркази ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. То ин замон зиёда аз 60 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. Айни замон 14 нафар мутахассисон дар корҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки 25 июн дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маросими оғоз гардидани корҳои кашидани хатти оби нўшокӣ дар минтақаи зикргардида иштирок кард.
Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки хатти оби нӯшокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳияи Балҷувон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Балҷувон Раиси вилоят оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, камбудиҳои ҷойдошта таъкидҳо карда, оид ба бартараф намудани онҳо ва иҷрои саривақтию босифати онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон









АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






