Корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк» бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» тасмим гирифтааст бо корхонаи «Кумуш-Сола»-и вилояти Самарқанд корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк»-ро бунёд намояд. Дар ин самт алҳол корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд. Аз ин теъдод 14 ҳазор метрро атлас ва 6 ҳазор метрро адрас ташкил медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир дар корхона зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз 18 марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шудааанд. Танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






