Корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк» бунёд мегардад

Июнь 8, 2022 13:56

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» тасмим гирифтааст бо корхонаи «Кумуш-Сола»-и вилояти Самарқанд корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк»-ро бунёд намояд. Дар ин самт алҳол корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд. Аз ин теъдод 14 ҳазор метрро атлас ва 6 ҳазор метрро адрас ташкил медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир дар корхона зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз 18 марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шудааанд. Танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 8, 2022 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд