Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба Бохтар расид

Июнь 8, 2022 13:58

БОХТАР, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рашту Ҳисор ва Душанбе вориди шаҳри Бохтар шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»

Маросими ботантанаи чорабинии мазкур дар майдони Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар доданд, Корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз 80 нафар занону духтарони фаъолони кишвар иборат буда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил карда шудааст.

Иштирокчиёни корвон ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, аз ҷойҳои ҷолиби шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дидан карда, бо сокинони деҳот, наврасону ҷавонон ва сарбозозони қисмҳои низомӣ суҳбату мулоқот менамоянд.

Гурӯҳҳои занони фаъол дар ин мулоқотҳо дар бораи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқона кардан ба миллату давлат суҳбат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба манотиқи дигари кишвар сафар кардааст.

Баргузории ингуна чорабиниҳо ба пойдории сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамояд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон

Июнь 8, 2022 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад