То оғози баргузории Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гўштини дзюдо ду рӯзи дигар боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam») оид ба намуди гўштини дзюдо баргузор мешавад, ки дар он се паҳлавони шинохтаи тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) иштирок мекунад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргаштааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.
Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар ҳафт вазн байни мардону занон иштирок мекунанд. Хазинаи ҷоизаивии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба барандаи ҷои аввал 4 ҳазор евро, ҷои дуюм 2,4 ҳазор евро ва ғолиби ҷои сеюми мусобиқа 1,2 ҳазор евро тақдим карда мешавад. Арзиши мукофотҳо барои ҳисобкунии рейтинг чунин хоҳад буд: 500 хол – ҳисоби рейтинги ҷаҳонӣ барои тилло, 300 барои нуқра ва 200 барои биринҷӣ.
Бо шарофати арзиши баланди рейтинги ғолибият дар чунин мусобиқаҳо дар ин сатҳ ба таври анъанавӣ дзюдочиёни номдор ширкат меварзанд.
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси баргузор шуд, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






