«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Назаре ба кори Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ

Июнь 27, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳқиқи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ яке аз самтҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ ба шумор рафта, олимони зиёде атрофи ба вуҷуд омадану фаъолияти онҳо назарияҳои гуногуни илмии хешро изҳор медоранд. Хусусиятҳои назариявӣ – методологии ҳизбҳои сиёсӣ дар пайвастагӣ ва тақвияти рушди сохтори нави демократӣ, идора намудани давлат ба воситаи халқ алоқамандии зич дорад. Чунин ибрози назар намуд унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиакбар Ҳаётзода дар ҳошияи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки 23-24 июн дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.

— Пайдоши ҳизбҳои сиёсӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим байни олимон машҳуру маълум буд ва чандин таҳиқуқу пажуҳиҳои илмӣ аз ҷониби онҳо рӯи кор омадааст. Иттилооти дақиқро метавон бештар аз асари безаволи Арасту пайдо кард, ки моҳияти асосии тоифаҳои сиёсиро таҳлил намудааст. Инчунин ба баррасӣ ва таҳқиқи ҳизбҳои сиёсӣ олимон Н.Макиавели, Т.Гоббс, Ҷ.Лок, Т.Ҷефересон, Ш. Монтеские, Ж.Руссо, Д.Юм, Б.Чичерин, Ҷ.Мил, Г.Фитх пардохтанд.

Агар дар воқеъ фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро мавриди таҳлили илмӣ ва ё назариявӣ қарор диҳем, бешубҳа маълум мешавад, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ҳадафи барномавиву оинномавияш баҳри бунёди ҷомеаи демократист, мо онро на ҳизби манфиатдору мансабпараст, балки ҳизби зодаи масъулият унвон медиҳем.

Солҳои 90 асри ХХ вазъият дар Тоҷикистон ба навъи дигар буд. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифатҳои сиёсӣ нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология: «комунистӣ» ва «исломгароӣ» сурат гирифт, ки ҳар ду фирқа бо ҳам зид, оштинопазир буданд.

Тасмимҳои созандаи Пешвои миллат (он вақт Раиси Шӯрои Олӣ) дар давраҳои хеле ҳассос, дар мамлакати тоза ба истиқлолият расидаи мо, ки ҳанӯз дар ҷодаи сиёсати ҷаҳонӣ қадамҳои нахустин ва ноустувор мегузошт, боиси тағйири хеле ҷиддӣ дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат гардиданд. Дар ҷамъият баъзан пешвоёне пайдо мешаванд, ки давлату миллат ва халқ ба ӯ эҳтиёҷ доранд, то тавонанд аз неруи зеҳиниву сиёсии худ кор бигиранд ва мардуми азияткашидаро аз вартаи ҳалокату маргборӣ наҷот диҳанд.

Дар даврони давлатдории навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст, ба сифати «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат» эътироф шудааст. Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баландатарин мартабаҳо меарзанд, зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем, ҳама аз хизматҳои шоёни ин шахсияти фидокор буда, моро мебояд танҳо бо хизматҳои арзанда ва бо дасту дили пок паҳлу ба паҳлуи Пешвои миилат содиқ будан ба ин давлату миллатро собит намоем.

Ҷиҳати муайян намудани омилҳои назариявӣ ва илмиву тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» – Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон бояд ба дараҷаи лозима аз таҷрибаи омӯзиши ҳизбҳои сиёсӣ ба илми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ таваҷҷӯҳ намуд. Омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» аз нуқтаи назари иҷтимоӣ далолат бар он мекунанд, ки вобаста ба моҳияти назарияи истифодашавандаи ҷомеашиносӣ ҷой, вазифа, дигаргунии ҳизби сиёсӣ дар доираи ин ё гурӯҳ метавонад, ки ба ҳар тариқ тафсир шавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» воқеан халқист ва он натиҷаи талошҳо ва хизматҳои хастанопазири Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ҳизб оғуши худро барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолии мамлакат кушодааст. Зеро маҳаки асосии ҳизб ва замони таъсис ёфтанаш маҳз дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зимоми қудратро ба даст гирифтааст.

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият аст. Ақидаи таъсиси ин гуна мактаб нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад. Яъне, заминаҳои асосияш ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад. Бо пешниҳоди Пешвои миллат ҳайати муассисон даъват шуданд ва ҳудуди ду сол гурӯҳи корӣ таҷрибаи бойи ҳизбҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳониро омӯхтанд. Лоиҳаи оинномаи ҳизб пешниҳод шуд, аммо Пешвои миллат онро напазируфтанд, зеро ба менталитети мардуми мо созгор набуд.

Аз ин рӯ пешниҳод шуд, ки онро ба шароиту фазои сиёсии Тоҷикистон мутобиқ намоянду дарбаргирандаи ормону ҳадафҳои мардуми тоҷик бошад. Ҳамин тавр Анҷумани аввалин Ҳизби Халқи Тоҷикистон (ҲХДТ-дар аввал чунин ном дошт) доир гардид ва аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 шаҳодатнома дар бораи фаъолияти расмии ҳизб дода шуд ва расман 10 декабрро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд менамоянд.

Саймурод Фаттоҳзода, доктори илмҳои фалсафа ва собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ дар мақолаи илмии худ сабаби «Ҳизби Халқии Тоҷикистон» номгузорӣ шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро чунин шарҳ додааст: «Пас аз ин падидаҳои номатлуб дар зеҳни азими ҷомеа мафҳумҳои «рӯшанфикр», «демократия» ва амсоли ин ба навъи дигар ҷилвагар шуданд ва ҳамоҳанг бо истилоҳи «ҷангҷӯй», «вайронкор», «низоъбарангез» ва мисли ин садо медоданд. Яке аз сабабҳои дар ибтидо ҳамчун «Ҳизби Халқии Тоҷикистон» фаъолияти худро оғоз намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баъдтар ба хотири пурра ифода намудани ғояҳояш тағйири ном кардани он низ ба воқеияти зикргардида, яъне ба маънии манфӣ гирифтани мафҳуми «демократия» дахл дошт…»

Ин ҳизб дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфт. Шохаҳои асосии ҳокимият фалаҷ шуда буд, мамлакат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, аз ҷониби баъзе рӯҳониёни кишвар давлатро мехостанд исломӣ бунёд кунанд, барзами ин демократҳо ва дигар гурӯҳҳову маҳфилҳо аз худ дарак доданд. Ин вазъияти басо мураккаб ҳар лаҳза ба амнияти мамлакати азизамон таҳдид мекард.

Дар чунин вазъияти басо душвор Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон натиҷаи хуб нишон додааст. Аммо дар саргаҳи ҳамаи талошу муборизаҳо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Агар жарфтар равем ба ин хулоса меоем, ки 10 марти соли 1998 ба узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфтан ва дар як вақт Раиси ҳизб интихоб шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фаъолияти ҳизб ҷаҳиши бузургеро ба миён овард.

Бояд тазаккур дод, ки 23 ва 24 июни соли равон бо ташаббуси бевоситаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар ин конфронс ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ҳайати олимону муҳақиқон аъзоён ва пайравони содиқи ҳизб иштирок намуданд.

Дар баромади пурмуҳтавои хеш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илми сиёсатшиносӣ Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Зарурат ва моҳияти таъсиси Маркази илмию тадқиқотии Мактаби сиёсии Пешвои миллат» оид ба дастоварду мушкилоти ҳизб ва таҳлилҳои илмӣ пешниҳод намуданд, ки «Ҷиҳати бартараф кардани мушкилотҳои ҳизб, аз ҷумла барои ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мамлакат, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадирии идеологияи сиёсӣ (миллӣ), амалисозии лоиҳаи мазкур, яъне таъсиси Маркази илмию тадқиқотии Мактаби сиёсии Пешвои миллат» саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад», ки ин пешниҳодро ҳайати олимону профессорон, муҳақиқону аъзоёни ҳизб якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аслан истилоҳи мактаб аз забони арабӣ гирифта шудааст, ба маънии «ибтидо» меояд. Олимони арабшиноси тоҷик атрофи ин мафҳум ақидаҳои гуногун доранд. Бархе ба ин назаранд, ки мактаб ҷои таълиму тадрис гирифтан аст. Одатан дар он инсонҳое парвариш меёбанд, ки дар ҷодаи илм, эҷодкорӣ, ихтироъот ва кашшофӣ дар дунё назир надоранд. Сиёсатшиносон ва ҷомеашносон бошанд, истиҳоли мактабро он чуноне, ки арабшиносон мегӯянд қабул доранд, аммо онҳо ба ин назаранд, ки мактаби сиёсӣ ба маънои класикии таълимоти мунтазами илмӣ ё мактаби назариявӣ намебошад. Мактаби сиёсии Пешвои миллат он саҳму нақши бузурге, ки дар тарбияи маънавии мардум, бахусус ҷавонон, ифо кардааст, аҳамияту арзиши ҳар мактаби аъанавиро тира менамояд. Аммо дар зери мафҳуми мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаҳмида мешавад, ки воқеан мактаби давлатдорист.

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Қ.Миралиён вобаста ба Мактаби сиёсии Пешвои миллат чунин нигоштааст: «Дар ин ҷода бояд равшан намуд, ки зери мафҳуми «мактаб», одатан, мактаби илмӣ бо фарогирии корҳои назариявии гурӯҳи олимону муҳаққиқон дар самти муайяни таҳқиқот, фаҳмида мешавад. Аммо мактаб маънои васеътар дошта, бештар фарогири корҳои таҳқиқотии амалӣ вобаста ба фаъолияти идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиёни асосии ин мактаб, дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва асоси фаъолияти таҳқиқоти онҳоро мушоҳидаҳо, таҳлили оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлили дедуктивӣ, ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад».

Инчунин доктори илмҳои педагогӣ, профессор А. Мирализода «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»-ро чунин инъикос намудааст: «Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибгари ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, илмӣ, солимӣ ва ғайра буда, дар беҳбуд бахшидани ҳаёти мардуми сарбаланди мамлакат нақши созгору беназир дорад… Мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми паҳлӯҳои давлатдорӣ ва арзишҳои миллии ин шахси таърихии миллат аст»…

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили муҳимтарин ва асоситарини пешрафтҳои кишвар ва мардуми мо дар роҳи пурифтихори истиқлол аст. Маҳз ҳамин мактаб бар кишвари мо сулҳу субот, ваҳдату ягонагиро овард. Мактаби сиёсие, ки Пешвои миллат поягузорӣ кардааст, маҷмӯе аз раҳнамоиҳо, омӯзаҳо ва ҳидоятҳо мебошад, ки дар паёмҳо, суханрониҳо ва мақолаю китобҳои арзишманди таърихию фарҳангӣ инъикос ёфтаанд ва аз ин мактаб метавон ба суолҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва ахлоқиву ватандорӣ посухҳои мушахаси худро пайдо кард.

Дар ин росто доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Зафар Саидзода «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»-ро чунин шарҳ додааст: «Мактаби сиёсии Пешвои миллат усулҳои (методологияи) ҳаракати мардуми Тоҷикистон дар масири тавсеяю тариқӣ ва пешрафтҳо дар ҳамаи арсаҳои зиндагии иҷтимоӣ, ба дастовардани изату эҳтиром дар ҷомеа мебошад.»

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» саршор аз таҷаллии ақлу хирад, руҳу иродаи мағлубнопазир ва ормонҳои поку муқаддаси миллат ва барги зарине дар ҳаёти сиёсии давлати тоҷикон мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба баракати пайравӣ аз ин роҳнамоиҳо мардуми Тоҷикистон то имрӯз ба пешрафтҳои азиме даст ёфтааст.

Воқеан «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар вазъияти басо мураккаби глобалӣ намунаи беҳтарин давлатдориву давлатсозӣ арзёбӣ мегардад. Таҳқиқоти илмӣ анҷом додан барои «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» яке аз масъулиятҳои асосии пайравонаш маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода банда, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат таҳкимбахши рушди демократия дар Тоҷикистон» мавриди тадқиқи илмӣ қарор дода, айни замон вобаста ба механизмҳои рушди «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» таҳқиқотро идома дода истодаам, ки яке аз ҳамин механизмҳои рушд ин таъсиси Маркази илию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» аз рӯи вазифа ва принсипи кори марказ мебошад.

Аз ин рӯ, Маркази илмию таҳқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», бо ин ихтисора дар байн мардуми мамлакат бештар маъруфият пайдо хоҳад кард. Вале ин ихтисор силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихии миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст. Ин мактабест, ҳамаи мушкилоту нобасомониҳо ва малҳамест, ки тамоми бемориҳои ҷомеаро дармон мекунад.

Муҳимтарин нукта дар баррасию аҳамияти Маркази илмию таҳқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз, ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили рушд ва шакл гирифтани шахсияти Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвою роҳнамои миллати тоҷик мебошад. Имрӯзҳо ихлосу эътимоди мардум ба Пешвои миллат меафзояд, на ҳамчун эҳтиром гузоштан бо мақоми сиёсӣ ва поягузори давлатдории навин ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллист, балки пештар аз ҳама ҳамчун ҳомии истиқлоли давлатӣ, таҳкимгари арзишҳои давлатдорӣ таблиғгари зиндагии шоистаи мардум мебошад.

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи муқтадирест, ки бунёд ва такягоҳи муътамаду қавии зеҳнию маънавиро дорост. Аз ин лиҳоз сарҷамъ кардани неруи зеҳниву маънавии ҷомеа ва фарогирии ҷуғрофию иҷтимоӣ неруи ҳеҷ кадом ҳизби сиёсии кишварро наметавон бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қобили қиёс донист.

Яке аз далелҳои дигар ин дар атрофи арзишҳову ғояҳои Маркази илмию таҳқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» як эҳсости аҷиб ва самимона ҷамъ шудани олимону муҳақиқон ба он вобастагӣ дорад. Зеро дар меҳвари асосии фаъолияти Маркази илмию таҳқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пеш аз ҳама арзишҳои олии инсонӣ, мардумсолорӣ, илмдӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.

Вазифаҳое, ки Маркази илмию таҳқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар пеши худ гузоштааст, аз он иборат аст, ки ҳамаи қисматҳои ҷумҳурӣ, шимолу ҷануб, водиву кӯҳистон, ноҳияҳои саноъативу зироатиро дар як халқи пайванд гирд оварад.

Аз ин хотир аст, Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон тамоми талошу кӯшишҳои худро баҳри зиндагии хубу беҳтарини халқи тоҷик ба харҷ медиҳад. Аксарияти нотавонбинон ба амалҳои ватандӯстонаи ҳизбро нодида гирифта, онро ҳамчун «ячейкаи ҳукумат» ном бурдаанд. Баръакс ҳадафҳову барномаи ҳукумати мамлакат аз барномаҳои пешазинтихобии он сарчашма мегиранд. Мо вобаста ба ин далел низ дорем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид ва дар он чунин гуфта шуд, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020 сад фоиз иҷро гардид».

Вазифаи мо насли имрӯз ва фардо аз он иборат аст, ки мактаби сиёсии Пешвои милатро ҳифзу нигоҳдорӣ кунем. Аз он чӣ дар ин мақола гуфта шуд, натиҷа гирифт, ки омили муҳимтарини Тоҷикистон дар шароити сулҳу суботи пойдор ба таври боварибахш ба сӯйи фардои дурахшони миллату давлати хеш қадам мезанад. Ба шарофати ин ду омил «хусусиятҳои шахсиятӣ» ва «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мардуми кишвар дар симои Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки ҳамчун раҳнамои маънавии худро пайдо намуданд.

Дастоварди дигари бисёр арзишманди миллати тоҷик дар даврони истиқлолият ин ҳизфи ҳокимияти сиёсист, ки ба василаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи талошҳои пайваста ва бо ҷуръати беандоаи сиёсиашон ба вуҷуд овардааст, мебошад. Мактаби сиёсии Пешови миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аввалин мактаби давлатдории муваффақи миллат аст, ки баъд аз ҳазор соли бедавлативу маҳвшудаи сиёсӣ ва давлатдории мардуми тоҷикро дигарбора бо ҷилову ҷилваи тоза эҳё кард.

Дар самти пешбурдани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва тавонмандии ҳизфи манофеи милливу давлатӣ дар асраи байнамилалӣ бо назардошти раванди тезу тунди ҷаҳонӣ низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар иснод ба кору пайкори созандаи Мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат суннатҳои волои давлатдории ниёгони барӯманди моро эҳё карда, таҷрибаи бесобиқае андӯхтааст.

Ин гуна методологияи мактаби сиёсӣ қудратро ба хотири таҳкими истиқлолияти мамлакат ҳеҷ кадом ҳизби сиёсии ҷомеаи имрӯзи мо дар ихтиёр надорад, маргар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 27, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд