Маркази миллии тестӣ довталабони имтиёздори имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2022-ро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталаби ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш, фарҳанг ё санъат мерасонад, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли-2022 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мамлакат имтиёз дода мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2016 тасдиқ гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд. Инчунин ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат мекунанд, равияи озмун ё фестивал ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Ҳамчунин дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ё «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат мекунанд, ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, тавсия медиҳем, ки бо феҳристҳои дахлдор, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, шинос шаванд.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон довталабон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






