Маркази миллии тестӣ довталабони имтиёздори имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2022-ро эълон намуд

Июнь 22, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталаби ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш, фарҳанг ё санъат мерасонад, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли-2022 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мамлакат имтиёз дода мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  «Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2016 тасдиқ гардидааст.

Гуфта шуд, ки ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд. Инчунин  ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат мекунанд, равияи озмун ё фестивал ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.

Ҳамчунин дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ё «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат мекунанд, ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.

Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, тавсия медиҳем, ки бо феҳристҳои дахлдор, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, шинос шаванд.

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон довталабон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд