Масъалаи дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат миёни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Подгузов Николай Радиевич баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.
Вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР, ки дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, сурат гирифт . Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи Бонк, таъсиси ташкилоти фаръии Бонк ва дигарҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар робита ба масъалаҳои зикргардида ҳисоботи Раиси БАОР Подгузов Николай Радиевич шунида шуд. Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ фоидаи Бонк нисбат ба соли ҳисоботии пештара ду маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк дар солҳои фаъолияташ 4,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Зимни мулоқот З. Завқизода иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БАОР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар робита ба ин З.Завқизода аз Раиси Раёсати БАОР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шаванд.
Дар навбати худ Раиси БАОР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, итминон дод, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк афзоиш медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР дар семоҳаи 2-юми соли 2023 ба нақша гирифта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






