Масъулини корхонаи нассоҷии APPRIVA-и Туркия бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаи нассоҷии APPRIVA-и минтақаи муташаккили саноатии Bolu боздид намуда бо роҳбарияти корхона ва минтақа мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара иттилоъ медиҳад.
Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии нассоҷиро ба роҳ монда, афзалияти аввалиндараҷаи ширкат содирот ба кишварҳои Аврупо мебошад.
Зимни ташриф аз ҷониби Сафир ба роҳбарияти корхона ва минтақа дар маҷмӯъ вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия ва имконияти сармогузории кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат», навовариҳо дар самти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба мамлакат, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз ва дигар маълумоти муфид дар шакли рӯнамо ва навор оид ба имконияти сармоягузории Тоҷикистон манзур карда шуд.
АКС аз муаллиф









Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






