Миёни ширкатҳои вилояти Суғд ва Фарғона 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 3, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки зимни он 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар  форуми тиҷоратӣ миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Инчунин чанд санади ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм ва ғайра ба имзо расиданд.

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иброз дошт, ки гурӯҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо тайи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.

Ҳамчунин дар форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба ярмаркае, ки 17-18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ин форум миёни ду вилоят чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расанд. Таваҷҷуҳи шарикон дар якчанд самт, аз  ҷумла саноати сабук, яъне коркарди пурраи нахи пахта бештар дида мешавад.

Зимни гуфтушуниди тарафайн  дар бораи фаъолият ва Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, зарурати баргузории вохӯриҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 3, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд