Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 21 созишнома ва меморандум ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ин раванд, дар қатори намояндагони дигар мамолик иштироки намояндагони Ҷумҳурии Узбекистон, бахусус соҳибкорону меҳмонони мардуми ҷиззахзамин 17-18 июни соли 2022 дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд — 2022» дар густариши равобити ҳамкорӣ назаррас буда, ҳар ду ҷониб аз ин вохӯрӣ натиҷаи самарабахш ба даст оварданд. Дар вохӯрӣ созишномаи дуҷонибаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев ба имзо расониданд.
Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ҶДММ «Янгиобод бахт агрокластер» -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶСК «Агрокластер чимгорен»-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҶСК «Арпасой Голд Текс»-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, «Quwwat group»-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи «Садаф»-и вилояти Суғд, «Холдинг Текстил»-и вилояти Ҷиззах бо «Наргис Текстил»-и вилояти Суғд, ҶСК «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ҶСК «Баландҷиззах текстил»-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК Коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, Матбааи «Ургенч Тезкор»-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» ва ширкати таблиғотии «МПринт»-и вилояти Суғд, «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ «Модерна керамик Фарғона»-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти вилоятҳо шоду мамнунанд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ ва муносибати дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд






