Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Июнь 21, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 21 созишнома ва меморандум ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ин раванд, дар қатори намояндагони дигар мамолик иштироки намояндагони Ҷумҳурии Узбекистон, бахусус соҳибкорону меҳмонони мардуми ҷиззахзамин  17-18 июни соли 2022 дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд — 2022» дар густариши равобити ҳамкорӣ назаррас буда, ҳар ду ҷониб аз ин вохӯрӣ натиҷаи самарабахш ба даст оварданд. Дар вохӯрӣ созишномаи дуҷонибаро   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев ба имзо расониданд.

Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии  вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ҶДММ «Янгиобод бахт агрокластер» -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶСК «Агрокластер чимгорен»-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҶСК «Арпасой Голд Текс»-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, «Quwwat group»-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи «Садаф»-и вилояти Суғд, «Холдинг Текстил»-и вилояти Ҷиззах бо «Наргис Текстил»-и вилояти Суғд, ҶСК «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ҶСК «Баландҷиззах текстил»-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК Коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, Матбааи «Ургенч Тезкор»-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» ва ширкати таблиғотии «МПринт»-и вилояти Суғд, «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ «Модерна керамик Фарғона»-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти вилоятҳо шоду мамнунанд.

Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ ва муносибати дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 21, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд