Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Июнь 5, 2022 18:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти гарм ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол менамоям.

Роҳи се даҳсола якҷо тайкардаро арзёбӣ намуда, бо изҳори қаноатмандӣ раванди тавсеаи гуногунҷанбаву таҳкими бомароми ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоямонро дар ҳама арсаҳои мавриди манфиати тарафайн қайд карданиам.

Бо истифода аз фурсати фараҳманд, мехоҳам аҳаммияти пешбурди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чехияро ба нафъи мардумонамон дар заминаи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоди  байниҳамдигарӣ таъкид намоям.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш, ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу амонӣ, рушди устувор ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат диҳед хотиррасон шавам, ки 5 июни соли 2022 Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатиро таҷлил менамоянд.

Бо камоли сарфарозӣ мехостам ҳарду кишварҳоямонро ба ин солгард самимона табрик намуда, орзумандам, ки муносибатҳои дӯстонаи Чехия ва Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушду тавсеа ёбанд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми кишваратон муваффақият ва шукуфои таманно дорам».

Июнь 5, 2022 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд