Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо ҳолати корҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 23 то 28 июн гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сафари корӣ қарор дорад. Дар доираи сафари корӣ 25 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Шуғнон рафта, бо вазъи корҳои кишоварзӣ шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Муовини Сарвазири мамлакатро дар ин сафар Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ВМКБ, Раиси ноҳияи Шуғнон ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст гурӯҳи корӣ аз фаъолияти якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия дидан карда, иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 2084 гектар зироат кишт намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо кишоварзон доир ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти зироатҳо, аз қабили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳову дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таъкид намуд. 

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 18 июни соли 2022 баён доштанд, таҳти роҳбарии муовини Сарвазии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон гуруҳи корӣ дар ВМКБ қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






