Муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт Маҳа ал-Савсӣ: «Тоҷикистон сарзамини обҳои нилгуну мусаффост»

Июнь 12, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон воқеан ҳам сарзамини обҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрору тасхиркунанда аст. Қаблан дар бораи табиати афсунгари Тоҷикистон аз сомонаҳои интернетӣ хонда будам. Аммо зимни сафарам ба ин сарзамин бо чашми сар зебоиҳои табиати дилфиреби ин кишвар, хусусан захираҳои бои обии онро аз наздик дида, ба хулоса омадам, ки ин ҳама зебоиҳоро бо қалам тасвир кардан муҳол аст ва барои дидани ин табиати муъҷизанок ҳатман бояд ба ин диёри офтобрӯя омад», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт хонум Маҳа ал-Савсӣ зимни боздидаш аз Неругоҳи барқии обии «Норак» дар ҷануби Тоҷикистон.

Маҳа ас-Савсӣ аз тамошои обанбори Норак таассуроти нек бардошта, афзуд, ки обҳои сарду нилгуни кишвари Тоҷикистон, фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, анъанаҳои миллии тоҷикон ӯро мафтун намуд.

Номбурда иброз дошт, ки «бо ин гуна иқтидори бузурги обию энергетикӣ ва истифодаи оқилонаю мақсадноки он Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст, зеро об сарвати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт дар сайёра маҳсуб меёбад.

Ба андешаи ӯ, истифодаи самараноки захираҳои бои об ба рушду пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд. Хусусан содироти оби ошомидании кишваратон, ки таъмаш хеле ширин аст ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан кишварҳои халиҷ, аз ҷумла Кувайт баманфиат хоҳад буд.

Бо дахли ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки ҳайати Давлати Кувайт дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Маҳа ас-Савсӣ гуфт, ки Конфронси раванди оби Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид ва натиҷаи самаранок ҳам ба бор овард, иштироки фаъолонаи ҳайатҳои баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасии ҳалли роҳҳои мушкилоти марбут ба об дар конфронс шаҳодати гуфтаҳост.

«Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили обу иқлим саривақтӣ, ҳадафмандона ва наҷибона аст, зеро дар шароити кунунии ҷаҳон ҳалли масоили обу иқлим бидуни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан кишгварҳои бузург аз имкон берун аст»,- гуфт Хонум Маҳа ал-Савсӣ.


Ҳамзамон муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт афзуд, ки кишвараш хостори таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика бо назардошти таҷриба ва захираҳои фаровони обии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сутуҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июн дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд