Ҷо Байден номзадии Микаллерро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Июнь 24, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Призиденти ИМА Ҷо Байден номзадии Мануэл Микаллерро ба мақоми Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Мануэл Микаллер дипломати ботаҷриба буда, ҳоло ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Непал кор мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар иттилоияи Кохи Сафед, ки 22 июн нашр гардид, иттилоъ дода шудааст.

Номзадии сафири нав дар Тоҷикистон бояд аз ҷониби Сенати ИМА тасдиқ карда шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки овоздиҳӣ дар Сенат кай баргузор мегардад.

Мануэл Микаллер (ДАР АКС — аз тарафи чап) қаблан дар сафоратҳои ИМА дар Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон кор карда, дар Департаменти давлатӣ мақоми баландро ишғол намудааст. Дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сафир оид ба иқтисод фаъолият кардааст.

Микаллер дараҷаи бакалаврро дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва дараҷаи магистр дар идораи соҳибкориро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон гирифтааст. Ӯ инчунин дар Донишгоҳи мудофиаи миллӣ дараҷаи магистр гирифта, донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва тоҷикӣ мебошад.

Микаллер, дар сурати тасдиқ гардидани номзадиаш аз ҷониби Сенат, Ҷон Марк Поммершаймро (ДАР АКС – аз тарафи рост), ки аз моҳи январи соли 2019 инҷониб роҳбари намояндагии дипломатӣ мебошад, дар мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон иваз мекунад.

Қаблан Поммершайм низ, то таъйин шуданаш ба мақоми сафир дар Тоҷикистон, ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Қазоқистон кор кардааст. Илова бар ин, ӯ ҳамчунин дар гузашта ба ҳайси директори Дафтар оид ба масъалаҳои Қафқоз ва низоъҳои минтақавии Бюрои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА фаъолият намуда, масъули идораи кулли равобити ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон буд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июнь 24, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд