ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

Июнь 9, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 37 то 40 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 9, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид