ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Июнь 20, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст,  иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борони бошиддат пешгӯи мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад.  Раду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 20, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод