ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






