ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва вазиши сахти шамол дар назар аст

Июнь 11, 2022 08:33

ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 09+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 11, 2022 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд