АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Аз 27 то 30 июн дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд мешавад
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 30 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда, дар вилояти Хатлон гармӣ то 45 дараҷа мерасад. Тавре дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво то 40+45 дарҷа гарм, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 30 то 33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шарқи вилоят рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, сокинони вилояти Хатлонро ин рӯзҳо ҳарорати баланди ҳаво интизор аст. Ҳаво рӯзона аз 33+38 то 40+45 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар аст. Рӯзона дар шаҳри Душанбе ҳаво 40+42 дараҷа ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 37+42 дараҷа гарм мешавад.
Қаблан муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» дар бораи баландшавии ҳарорати ҳаво дар моҳи июн иттилоъ дода буд.
Мавсуф зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи аввали тобистон ҳарорат муътадил шуда, охирҳои моҳи июн баландшавии он дар назар аст. Ҳамчунин дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.
Ба андешаи табибон, организми инсон дар ин рӯзҳо обро бештар талаб мекунад. Аз ин рў, рӯз ҳар як сокини мамлакат бояд оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истеъмол намояд, ба монанди оби ҷӯшонидашуда. Инчунин тавсия медиҳанд, ки ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд.
АКС аз Дидор Саъдуллоев








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






