Ҳомид Маҷидов, забоншинос: «Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад!»
ДУШАНБЕ, 13.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад! Дар ин бора забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов зимни суҳбат бо рӯзноманигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ибрози назар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Номбурда ёдрас мешавад, ки хати арабӣ, яъне хати ниёгон — ин хати якуми мо нест, балки яке аз хатҳои гузаштаи мост. Аз хати арабӣ пештар мо хати оромӣ* доштем, аз он қадимтар хати мехӣ ва қаблан шояд хатҳои дигар.
Бино ба гуфтаи Ҳ. Маҷидов, дар бораи хати арабӣ баҳсҳо зиёданд. Байни арбобони дин, намояндагони воломақом ва олимон борҳо дар ин маврид баҳсу мунозираҳо сурат гирифтааст. Ба ин масъала зиёдтар забоншиносони номвар Амонов ва Ғаффоров машғул шуда, «26 айби хати арабӣ»-ро ошкор карда буданд. Бинобар ин, ин хат камбудиҳои зиёд дорад.
«Агар мо ба ин хат баргардем, бо ҳама камбудиҳояш бармегардем. Онро тағйир ва такмил дода наметавонем. Зеро он хати «Қуръон» аст, — иброз дошт забоншинос Ҳ. Маҷидов. — Хати «Қуръон»-ро тағйир додан мумкин нест. Ба он хат гузаштан ба мо фоида намеорад. Мардуми <…> мо якбора бесавод мешавад».
Мавриди зикр аст, ки забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов дар мавриди баргаштан ба хати арабиасоси форсӣ соли 2017 таҳти унвони «Даъвои дасисаангез» мақолае навишта, ақидаҳояшро дар он баён намуда буд.
__________________________
* Хати оромӣ — хате, ки танҳо аз овозҳои ҳамсадо иборат буда, 22 ҳарф дошт ва аввали ҳазораи 1 то мелод дар заминаи хати финиқӣ дар ҷамоаи қабилаҳои ғарбии сомӣ — оромиҳо пайдо шудааст. Баъдтар хати оромиро дигар халқҳои сомӣ — яҳудиён, ошӯриён, бобулиён ва ғайра қабул карданд. Дар салтанати Ҳахоманишиён забон ва хати оромӣ баъд аз хати мехии форсии қадим дуввумин забон ва хати давлатӣ буданд. Дар Тахти Ҷамшед бештар аз 500 тахтачаи катибаҳои оромӣ дошта пайдо гардидаанд. Аксари хатҳои забонҳои эронӣ — даҳлавӣ, портӣ, суғдӣ, монавӣ, хоразмӣ ва ғайра дар асоси хати оромӣ пайдо шуданд.
АКС: Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»








Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






