Ҳомид Маҷидов, забоншинос: «Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад!»

Июнь 13, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бозгашт ба хати арабӣ  мардумро бесавод мекунад! Дар ин бора забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов зимни суҳбат бо рӯзноманигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ибрози назар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Номбурда ёдрас мешавад, ки хати арабӣ, яъне хати ниёгон — ин хати якуми мо нест, балки яке аз хатҳои гузаштаи мост. Аз хати арабӣ пештар мо хати оромӣ* доштем, аз он қадимтар хати мехӣ ва қаблан шояд хатҳои дигар.

Бино ба гуфтаи Ҳ. Маҷидов, дар бораи хати арабӣ баҳсҳо зиёданд. Байни арбобони дин, намояндагони воломақом ва олимон борҳо дар ин маврид баҳсу мунозираҳо сурат гирифтааст. Ба ин масъала зиёдтар забоншиносони номвар Амонов ва Ғаффоров машғул шуда, «26 айби хати арабӣ»-ро ошкор карда буданд. Бинобар ин, ин хат камбудиҳои зиёд дорад.

«Агар мо ба ин хат баргардем, бо ҳама камбудиҳояш бармегардем. Онро тағйир ва такмил дода наметавонем. Зеро он хати «Қуръон» аст, — иброз дошт забоншинос Ҳ. Маҷидов. — Хати «Қуръон»-ро тағйир додан мумкин нест. Ба он хат гузаштан ба мо фоида намеорад. Мардуми  <…> мо якбора бесавод мешавад».

Мавриди зикр аст, ки забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов дар мавриди баргаштан ба хати арабиасоси форсӣ соли 2017 таҳти унвони «Даъвои дасисаангез» мақолае навишта, ақидаҳояшро дар он  баён намуда буд.

 

__________________________

* Хати оромӣ — хате, ки танҳо аз овозҳои ҳамсадо иборат буда, 22 ҳарф дошт ва аввали ҳазораи 1 то мелод дар заминаи хати финиқӣ дар ҷамоаи қабилаҳои ғарбии сомӣ — оромиҳо пайдо шудааст.  Баъдтар хати оромиро дигар халқҳои сомӣ — яҳудиён, ошӯриён, бобулиён ва ғайра қабул карданд. Дар салтанати  Ҳахоманишиён забон ва хати оромӣ баъд аз хати мехии форсии қадим дуввумин забон ва хати давлатӣ буданд. Дар Тахти Ҷамшед бештар аз 500 тахтачаи катибаҳои оромӣ дошта пайдо гардидаанд. Аксари хатҳои забонҳои эронӣ — даҳлавӣ, портӣ, суғдӣ, монавӣ, хоразмӣ ва ғайра дар асоси хати оромӣ пайдо шуданд.  

АКС: Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Июнь 13, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд