Овозхони тоҷик Манижа Сангин дар ҷашнвораи «Стереолето» дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 ва 13 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Фестивали «Стереолето» баргузор мегардад. Дар афишаи ин Фестивал номи бисёре аз ситораҳои шоу-бизнеси Русия сабт шудааст, ки миёни аввалинҳо ситораҳое ба монанди Леонид Агутин, IOWA ва Жанна Агузарова ҳастанд. Ҳамчунин дар ин ҷашнвора ҳунарнамоии сарояндаи тоҷик Манижа Сангин дар назар аст.
Барномаи консертӣ аз 12 то 13 июн дар майдони «Севкабель Порт»-и ҷазираи Василев баргузор хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ барои ширкат дар он 35 гурӯҳ ва ҳунармандон даъват шудаанд. Ба он IOWA, Леонид Агутин, Nike Borzov, The Hatters, Жанна Агузарова ва дигарон шомиланд.
Нархи чипта барои ҷашновара ҳамагӣ 3500 рублро ташкил медиҳад.
Манижа бо иштирок дар озмуни байналмилалии «Евровидение» аз ҷониби Русия дар соли 2021 машҳур гардида буд. Он замон ӯ бо гирифтани 204 хол мақоми 9-умро сазовор гашт. Ғолиби озмун гурӯҳи итолиёвии «Maneskin» бо натиҷаи 524 хол гардид.
АКС: © Instagram/ MANIZHA








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






