Пагоҳ Корвони иттилоотӣ ба сӯи Хатлон раҳсипор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 июн Корвони иттилоотии журналистон ба вилояти Хатлон раҳсипор мегардад.
«Сафари намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ба вилояти Хатлон аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Мавсуф афзуд, ки корвони иттилоотӣ, ки ба ҳайати он 35 нафар журналист аз Суғду Бадахшон, Рашту Ҳисор ва шаҳри Душанбе шомил аст зарфи се рӯз бо дастовардҳои замони истиқлол дар вилояти Хатлон шинос мегарданд.
Инчунин иштирокчиёни корвон дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи журналист, аввалин муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ дар Ховалинг ва собиқ раиси комиҷроияи он Саидато Муқимов ва дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Матбуоти маҳаллӣ: таъинот ва дурнамо» иштирок менамоянд.
Ҳамчунин дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, шаҳрҳои Кӯлобу Леваканд ва Бохтар иштирокчиёни корвон бо ҳамкасбони худ мулоқот ва табодули таҷриба намуда, бо дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Хатлон шинос мешаванд.
Корвони иттилоотии журналистон ба вилояти Хатлон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии ширкати «Сиёма» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон сурат мегирад.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






