ПАРЛАМЕНТИ ҶАВОН – НАЗАРЕ БА ОЯНДАИ ИТТИҲОД. Таҳти ин унвон Форуми байнипарлумонии ҷавонон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Таврический- қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми байнипарлумонии ҷавонони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод» баргузор гардид. Дар радифи дигар кишварҳои пешрафта, дар ҳамоиши мазкур як зумра ҷавонони лаёқатманди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар қисми назариявии Форум ҳамоишҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати ҷавонон дар кишварҳои ИДМ баррасӣ гардид.
Сармутахассиси Маҷлиси миллӣ Муҳаббати Камол аз таҷрибаи худ дар самти рушди сиёсати ҷавонон дар кишвар ибрози андеша намуд. Мавсуф оид ба баргузории Соли ҷавонон дар соли 2017, ки ба таҳкими нақши ҷавонон дар ҷомеа мусоидат намуд, инчунин қабули Қонуни нав «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки заминаи қонунгузориро барои ҳалли масъалаҳои мазкур фароҳам овард, ибрози андеша намуд.
Муҳаббати Камол ба қонунҳои «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, заминаи ҳуқуқии ҷалби намояндагони ҷавононро ба мақомоти қонунгузори ҳокимият баррасӣ намуд.
Сармутахассиси Раёсати ҷалби грантҳои Академияи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайл Сӯфиев нақши дипломатияи ҷамъиятии ҷавононро дар ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ зикр намуд. Вай аз ҷумла ба масъалаҳои мубориза бо терроризм дахл намуда, ба ҳамкории мутақобила дар ин масъала дар фазои ИДМ ахбороти муфассал дод.
Маърӯзаҳои омӯзгори мактаби бачагона Мария Миткина «Забони русӣ ва усулҳои нигоҳдории он дар Ҷумҳурии Узбекистон» ва мутахассиси пешбари Дастгоҳи ММ МО ҶТ Бахтиёр Дӯстов «Инкишофи забони русӣ дар Тоҷикистон» боиси таваҷҷуҳи зиёд гардиданд.
Дар ҳамоиши мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар реҷаи фосилави иштирок намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонони созанда тамоми чораҳоро меандешад.
Мавқеъ ва саҳми ҷавонони тоҷик дар раванди ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳунари мардумӣ аз ҷониби ҷомеа ва дар сатҳи давлатӣ баҳои баланд дорад.
Зоир Раҳмонзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷавонони тоҷик воқеан ҳам пайрави Пешвои миллат – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буда, барандаи ғояҳои созандаи давлати рӯ ба тараққӣ гардида истодаанд. Бар асоси ин, мафкураи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум, арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ хеле муассир арзёбӣ мешавад.
Акс: МН МО ҶТ









Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ доир гардид
Дар Душанбе густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид
Файзалӣ Идизода бо Элза Пинёл густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон доир гардид
СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Шарикии стратегӣ дар доираи аҳдномаи дӯстӣ тақвият меёбад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз шуд
Ҳайати сарони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ интихоб гардид






