Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун боздид карданд

Июнь 16, 2022 07:26

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» 3 гектар замин дошта, 6 нафар саҳмдор дорад, ки онҳо деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, ба заҳмати самаровари деҳқонон баҳои баланд доданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ғалла рӯёнида, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд.

Бо мақсади оқилона истифода бурдани замин баъд аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, сабзавоту полезӣ кишт карда мешавад. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамоварии самараи меҳнат ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили рӯёнидашударо ҳам барои эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис ба он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол то сол хубтару беҳтар гардад.

Саҳмдорон барои таъмин намудани чорво бо хӯроки дурӯшту серғизо дар қиъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт намудаанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи дон, баргу пояи он низ барои беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон захира карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати 6 деҳоту шаҳраки ноҳияи Ҷайҳун дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла галладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати садоқатмандонаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошад.

Боздид аз рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 16.06.2022

Июнь 16, 2022 07:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд