Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 7, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо СММ ва сохторҳои он, инчунин аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Рӯзномаи 2030”-и СММ оид ба рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, баргузории “Саммит оид ба дигаргунсозии маориф”, “Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ”, “Саммити ояндаи мо” ва дигар тадбирҳои муштарак, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд, муҳокима гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин барқароршавии пас аз ҳамагирии КОВИД-19 изҳор намуданд.

Ҷонибҳо дар робита ба таҳдиду бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  афзоиши нобаробарӣ, камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии КОВИД-19 вокуниши муштаракро зарур шумурданд.

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад 07.06.2022

Июнь 7, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд