Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Трафигура Групп» Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Трафигура Групп» Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро имкони хуби муҳокимаи масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот истифодаи имкониятҳои васеъ дар соҳаи саноат, аз ҷумла иштироки ширкати “Трафигура Групп” дар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок, густариши ҳамкорӣ бо Корхонаи Муштараки “Зарафшон”, Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Талко Голд”, ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нерӯи барқ ва манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






