Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд

Июнь 15, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Маҷористон, Испания, Индонезия, Таиланд, Марокаш, Бразилия ва Доминикан андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки кишварҳои мо оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кушишҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Сарвари давлат аз ҷонибдории доимии кишварҳои хориҷ аз иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои доғи рӯз изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим талошҳои пайваста меварзад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин 15.06.2022

Июнь 15, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд