Рассомони ҷавони озарбойҷонӣ дар нигораҳои худ табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро инъикос мекунанд
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Озарбойҷон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон намоиши мусавввараҳои рассомони ҷавони озарбойҷонӣ таҳти унвони «Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз насл ба насл» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ, ки дар Маркази Ҳайдар Алиев баргузор гардид, беш аз 70 мусаввара ба тамошо гузошта шуд, ки зебоии нотакрори табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро инъикос мекунанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ зикр намуд, ки доир гардидани чунин маъракаҳои фарҳангӣ барои боз ҳам равнақ ёфтани муносибатҳои дўстона миёни ду кишвар мусоидат менамояд ва ў ба кулли ширкаткунандагон барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинӣ изҳори сипос кард.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси ноҳияи Ясамал Элшод Гасанов, Директори Маркази Ҳайдар Алиеви ноҳия Ясамали шаҳри Боку Намине Умарова, роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Боку, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Акс: ВКХ ҶТ











Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






