РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Панели мавзӯӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамбастагии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳонӣ баъд аз КОВИД-19» баргузор гардид

Июнь 7, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Панели мавзӯӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамбастагии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳони баъд аз ковид» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз «Кохи Сомон» — макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ.

Дар панели мазкур муовини Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки об барои саломатӣ муҳим аст ва манбаи калиди барои пешгирии сироятҳо дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

“Чанде қабл мамлакати мо Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ барои солҳои 2021-2030”-ро қабул кард, ки дар он афзалиятнокии беҳгардонии ҷанбаҳои об, санитария ва гигиена дарҷ гардидааст”, -тазаккур дод ӯ.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таъкид кард, ки ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронс таъкид намуданд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав–ҳамагирии КОВИД–19 гардид. Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд. Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад”.

Абдухолиқ Амирзода ҳамзамон афзуд, ки дар Тоҷикистон имрӯз тамоми кормандони Вазорати тандурустӣ ва тамоми муассисаҳои зерсохтори он ба пурраги нисбат ба  риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва тозагӣ бетафовут нестанд ва инчунин дар худи сохтори Вазорат Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунад, ки риоя намудани об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тандурустӣ зери назорати ин он қарор дорад.

“Барои пешгирии пандемия ва ноил гаштан ба ҳадафҳои имрӯза, ки хушбахтона дар ҷомеаи Тоҷикистон бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта намешавад, саҳми давлату Хукумати мамлакат ва кормандони тибб назаррас аст, зеро дар таъмини оби нушокӣ, риояи ҳолатҳои санитарию гигиенӣ ҳамавақт кӯшиш ба харҷ дода мешавад”-гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд