Роҳбари ширкати «Трафигура Групп» Ҷеремӣ Вейр: «Дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт»

Июнь 22, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари захираҳои табиӣ бениҳоят бой аст, хусусан дар ҷодаи «энергияи сабз», ки барои ҳамкории дарозмудат замимаи хеле хуб мегузорад», — изҳор намуд 22 июн дар Душанбе роҳбари ширкати «Трафигура Групп»-и Швейтсария Ҷеремӣ Вейр пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти Ҷеремӣ Вейр, дар мулоқот инчунин масоили ҳамкории ширкатҳои «Трафигура Групп» ва «Талко» дар оянда баррасӣ гардида, самти муҳими онро истифодаи неруи барқи Тоҷикистон ҷаҳати рушди соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар бахшҳо дар бар гирифт.

«Ширкати «Трафигура Групп»-и Швейтсария азм дорад, ки барои рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон саҳм гузорад. Инчунин мо ният борем, ки руйхати дигар самтҳои муҳими ҳамкориро ба Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоем», — гуфт дар анҷом Ҷеремӣ Вейр.

Бояд гуфт, ки «Трафигура Групп»-и Швейтсария яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё дар амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои неруи барқ,  манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд