Роҳбари ширкати «Трафигура Групп» Ҷеремӣ Вейр: «Дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт»
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари захираҳои табиӣ бениҳоят бой аст, хусусан дар ҷодаи «энергияи сабз», ки барои ҳамкории дарозмудат замимаи хеле хуб мегузорад», — изҳор намуд 22 июн дар Душанбе роҳбари ширкати «Трафигура Групп»-и Швейтсария Ҷеремӣ Вейр пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Ҷеремӣ Вейр, дар мулоқот инчунин масоили ҳамкории ширкатҳои «Трафигура Групп» ва «Талко» дар оянда баррасӣ гардида, самти муҳими онро истифодаи неруи барқи Тоҷикистон ҷаҳати рушди соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар бахшҳо дар бар гирифт.
«Ширкати «Трафигура Групп»-и Швейтсария азм дорад, ки барои рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон саҳм гузорад. Инчунин мо ният борем, ки руйхати дигар самтҳои муҳими ҳамкориро ба Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоем», — гуфт дар анҷом Ҷеремӣ Вейр.
Бояд гуфт, ки «Трафигура Групп»-и Швейтсария яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё дар амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои неруи барқ, манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






