СҲШ тавсеа меёбад: дархостҳои 10 кишвар баррасӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дархостҳои 10 кишвари ҷаҳон ҷиҳати иштирок дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли равон, ки дар Самарқанд доир мегардад, баррасӣ хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора зимни мусоҳиба бо агентии иттилоотии «Дунё» иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов изҳор доштааст.
«Дархостҳои тақрибан 10 кишвари дигар барои ширкат дар фаъолияти СҲШ ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, нозир ва шарикони муколама баррасӣ хоҳанд шуд», — гуфт Норов.
Узбекистон феълан Раиси раёсати СҲШ мебошад. Дар назар аст, ки нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор гардад. Вазири корҳои хориҷӣ тавсеаёбии минбаъдаи СҲШ-ро яке аз масъалаҳои калидии рӯзномаи ин нишаст арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ аллакай барои имзо омода аст.
«Ҳуҷҷат амалан роҳро барои узвияти комилҳуқуқи ин кишвари бузурги Шарқи Наздик дар созмони мо мекушояд»,- зикр намуд иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон.
СҲШ созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир дар ин созмон Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба шумор мераванд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Дар нишасти сарони СҲШ, ки дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 доир гардид, тартиби пазируфтани Эрон ба Созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.
АКС: ВКХ Узбекистон








Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






