Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов ба суолҳои шабакаи телевизионии TRT AVAZ посух дод

Июнь 14, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов дар шабакаи телевизионии «ТRТ AVAZ» доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки рӯзҳои 6-9 июн дар Душанбе баргузор гардид, мусоҳиба дод. Фишурдаи мусоҳибаро мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Туркия бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:

Шабакаи телевизионии «ТRТ AVAZ»:

— Тамошобинони азиз,  40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза танқисӣ мекашанд. Норасогии оби ошомиданӣ ба ҳаёти ҷомеа хатар ворид кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”-ро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар ин бора Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов вобаста ба муҳимияти Конфронси мазкур ба сулоҳои  «ТРТ Аваз»  посух дод.

Баранда:  — Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Баргузории ин Конфронс   бори дигар аз  пешсафии кишвари шумо дар масъалаи  об далолат медиҳад.  Дар ин бора чӣ андеша доред?

 Сафир: — «Масъалаи норасогии об дар шароити кунунӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тавре Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр  карданд, дар ояндаи наздик аз тамоми сарватҳои  табиӣ об гаронтар хоҳад шуд, бо ин мақсад мо бояд обро ҳифз намоем ва барои самаранок истифодабарии он кӯшиш ба харҷ диҳем. Бо назардошти муҳимияти масъала Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2001 масъалаи мазкурро дар сатҳи СММ баррасӣ намуда, дар ин самт ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ  пешниҳод карданд, ки аз ҷониби СММ пазируфта шуданд.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, ки санаҳои 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардид, замина барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 мебошад, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт.

Баранда: — Пешниҳоди Тоҷикистон дар самти Конфронси об аз ҷониби кишварҳои зиёди ҷаҳон дастгирӣ ёфт.

Сафир: — Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Конфронси об дар доираи СММ аз ҷониби 177 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Албатта, мо бояд масъалаи ҳифзи обро бештар эълон намоем, зеро об  сарвати бебаҳост ва бидуни он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Мо медонем,  ки бештари буҳронҳои ҷаҳон аз об сарчашма мегиранд. Интизор меравад соли 2023 дар Конфронси об,  ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, қарорҳои дахлдор дар ин самт қабул хоҳанд шуд.


Баранда: — Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов таъкид кард, ки масъалаи об барои Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Сафир: — Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои фаровони об дар Осиёи Марказӣ мебошад. 60 дарсади оби кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар дунё кишварҳои зиёдеро мебинем, ки аз норасогии оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Хусусан кишварҳои қораи Африқо ҳамарӯза ба мушкилоти об рӯ ба рӯ мебошанд. Тағйирёбии иқлим низ ба шиддат гирифтани норасогии об мусоидат мекунад. Дар зарфи сӣ сол дар Тоҷикистон аз 14 ҳазор пиряхҳо ҳазорашро мо аз даст додем. Тибқи таҳлили коршиносон то соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 10 миллиард нафар мерасад ва эҳтимол дорад тақрибан 5 миллиарди он бо танқисии об рӯ ба рӯ шаванд.

АКС: скриншот аз навор

Июнь 14, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид