Сафирони нави Индонезия ва Таиланд дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд

Июнь 14, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /НИАТ «Ховар»/. 13 июн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаҳои  эътимодномаҳои Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ва  Чачаван Сакорнсинро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Сафири Индонезия Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, табодули назар намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Индонезияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин Фарҳод Салим ва  Сафири Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Чачаван Сакорнсин зимни вохӯрӣ дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд ва истифодаи иқтидори ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи судманд,  бахусус иқтисодӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Чачаван Сакорнсинро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.


Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 14, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд