САНАДИ НАВ. Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳамасола 100 000 ҷойҳои корӣ таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Санади мазкур тавассути барномаҳои панҷсолаи рушди миёнамуҳлати шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мутобиқи санади мазкур, аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 метавонад ба 11,5 миллион нафар расад ва ҳамасола 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Натиҷаҳои пешбинишуда аз татбиқи Консепсия ва нишондиҳандаҳои арзёбии онҳо дар барномаҳои миёнамуҳлат нишон дода мешаванд.
Ҳадафи асосии ҳамаи ин барномаҳо татбиқи Стратегияи миллии рушд (СМР) то соли 2030 мебошад, ки пешрафти кишварро аз рӯи ду сенария – индустриалӣ ва индустриалӣ-инноватсионӣ пешбинӣ мекунад.
Дар Консепсия зикр мегардад, ки афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ монда, аммо дар натиҷаи кам шудани ҳиссаи ҷавонон дар шумораи умумии аҳолӣ суръати афзоиши қувваи корӣ коҳиш меёбад.
Сарфи назар аз ин, рушди қувваи корӣ устувор ва то соли 2030 баланд боқӣ монда, тақрибан 40% меафзояд ва ба 7,6 миллион нафар мерасад.
Ба иттилои вазорат, дар асоси Консепсия аллакай таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» оғоз шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






