Саноатчиёни вилояти Хатлон дар панҷ моҳ ба маблағи зиёда аз 3.47 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

Июнь 11, 2022 11:57

ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ба маблағи 3 миллиарду 470 миллиону 455,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 534 миллиону 784 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,7 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи аввали соли 2022 гуфта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Тазаккур дода шуд, ки суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Хуросон, Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин аз 121 то 222 фоиз таъмин кардаанд.

Ҳамчунин мувофиқи оморӣ расмӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина 420 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гаштаанд.

Дар ҷаласа инчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар самти мусоидати ҳамаҷониба ба бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои хурди макаронбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, фаъол намудани корхонаю коргоҳои тирезаҳои пластикӣ, рахти хоб, намаки ошӣ, зиёд намудани ҳаҷми консерваю равған, духти либосҳои мактабӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, пешгирӣ аз сухтор, харидорӣ намудани ангишти босифат ва оиди дигар масъалаҳо дастуру сопоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон аз иштрокчиёни ҷаласа даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла замиинҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо ҳамаҷониба чораандешӣ намуда, гурӯҳҳои корӣ дар самти кишти такрорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум мулоқот анҷом диҳанд, то тавонанд дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2022 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад