«Сарсабзии Ватан аз баракати ваҳдат аст»,-бардошт аз ҳамоиш дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод
ФАЙЗОБОД, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод таҳти унвони «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили Ваҳдати миллӣ» бо иштироки фаъолону собиқадорон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат таҷлил мегардад. Он тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиши ҷомеа аст, ки боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозираву ояндаи неки мамлакат гардидааст.
Прокурори ноҳияи Файзобод Хусрав Миралӣ изҳор дошт, ки «Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он кишвар рӯз то рӯз мисли гул мешукуфад, иқтисодиёташ давра ба давра боло меравад ва ҳам аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ рушд мекунад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт. Имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик аз пойдории сулҳу ваҳдат нишоту хурсандӣ ҳувайдо гардидааст. Аз баракати ваҳдат зиндагӣ ҷилои тоза мегирад. Аз ин рӯ, мо бояд ин ҳақиқати таърихиро ба насли ҷавон биомӯзонем ва бо тамоми донишу таҷриба, инчунин неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дӯстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст».
Раиси Суди ноҳияи Файзобод Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки «қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани сулҳу суботу осоиштагии миллӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо бояд роҳи мушкили ба даст омадани сулҳу субот ва оромии кишварро донанд ва аз таърих сабақ гиранд. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдат расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақили миллӣ надоранд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






