«Сарсабзии Ватан аз баракати ваҳдат аст»,-бардошт аз ҳамоиш дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод

Июнь 21, 2022 11:36

ФАЙЗОБОД, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод таҳти унвони «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили Ваҳдати миллӣ» бо иштироки фаъолону собиқадорон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат таҷлил мегардад. Он тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиши ҷомеа аст, ки боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозираву ояндаи неки мамлакат гардидааст.

Прокурори ноҳияи Файзобод Хусрав Миралӣ изҳор дошт, ки «Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он кишвар рӯз то рӯз мисли  гул мешукуфад, иқтисодиёташ давра ба давра боло меравад ва ҳам аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ рушд мекунад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта  сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт. Имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик аз пойдории сулҳу ваҳдат  нишоту хурсандӣ ҳувайдо гардидааст. Аз баракати ваҳдат зиндагӣ ҷилои тоза мегирад. Аз ин рӯ,  мо бояд ин ҳақиқати таърихиро ба насли ҷавон биомӯзонем ва бо тамоми донишу таҷриба, инчунин неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дӯстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст».

Раиси Суди ноҳияи Файзобод Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки «қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба даст овардани сулҳу суботу осоиштагии миллӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо бояд роҳи мушкили ба даст омадани  сулҳу субот ва   оромии кишварро донанд ва аз таърих  сабақ гиранд. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдат расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақили миллӣ надоранд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Июнь 21, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд