Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ боздид намуданд ва ба ҷамъоварии ангури пешпазак дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 16.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиëда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд.
Се гектар ангурбоғе, ки имрӯз ҷамъоварии қисме аз он оғоз ëфт, соли якум аст, ки бор овардааст ва боқимонда 4 гектари токзор навбунëд мебошад. Тибқи дурнамо дар соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд. Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд карда шудааст. Саҳмдорон мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш бахшанд.
Зимни боздиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки саҳмдорони хоҷагӣ кӯшиш намудаанд ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода намоянд ва дар байни қатори токзори нав намудҳои гуногуни сабзавот, лубиëдонагӣ, полезӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабу ва полезӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Соли равон роҳбари хоҷагӣ Иномҷон Мамадҷонов дар намоиши байналмилалии «БОХТАР-ФУД» ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ иштирок намуда, имкон пайдо кардааст, ки дастранҷи худ, аз ҷумла 20 тонна лаблабу ва 10 тонна ҳандалакро ба хориҷи кишвар содир намояд. Ба ғайр аз ин дар масоҳати 40 садяк замини ҳудуди хоҷагӣ хӯроки чорво, хоса ҷуворимакка кишт гардидааст ва ин ҳам кишти такрорӣ мебошад. Пеш аз ин дар майдони зикршуда гандум кишт гардида буд, ки аз он 2 тонна ҳосил ба даст оварда шуд. Саҳмдорон маҳсулоти ҷамъоваришуда, яъне 2 тонна гандумро дар пайравӣ ба сиëсати дурбинонаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои зимистон захира намудаанд.
Хоҷагидорон ҳамасола ба кишту парвариши пахта низ машғул мешаванд ва имсола майдони ин навъи зироати техникӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ 3 гектарро ташкил медиҳад. Навъи пахтаи киштшуда «Флеш» ва «Флора» мебошад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст ва ҳосилнокии баланд дорад. Парвариши пахта дар хоҷагии мазкур дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд. Кишоварзону дигар сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати худ, аз ҷумла ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, зироати техникӣ, картошка ва меваҳои шаҳдрезро ба намоиш гузоштанд. Дар умум дар ин намоишгоҳ беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардид.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд






